Пайвандҳои дастрасӣ

Баста шудани дари 12 дандонпизишкӣ дар Душанбе


Яке аз дандонпизишкиҳои Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Яке аз дандонпизишкиҳои Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Дар пайи бозрасии кормандони Маркази беҳдории Тоҷикистон фаъолияти 24 муассисаи беҳдоштӣ мутаваққиф шудааст.

Як сокини шаҳри Душанбе, ки худро Зебо муаррифӣ кард, гуфт, панҷ моҳи пеш дар пайи кандани як дандони дардмандаш дар
як маркази хусусии дандонпизишкӣ ба бемории Гепатити "С" гирифтор шудааст.
Вақте ин марказҳои тиббии дандонпизишкиро мавриди санҷиш қарор додем, дар ҳайрат уфтодем. Бо як
асбоб, масалан, анбӯр,
дар як рӯз қариб
дандони 20 касро мекананд...


"Моҳи феврали ҳамин сол буд. Дандондард шудам ва ҳамсояҳо гуфтанд, ки дар пеши хонаамон як утоқи дандонпизишкӣ кушода шудааст ва дандонро ба нархи арзон меканад ва ҳам табобат мекунад. Ба он ҷо рафтам ва дидам, ки он қадар тозаву озода набуд. Лекин маҷбур шудам, ки дандонамро канам. Ҳоло панҷ моҳ аст, ки саломатиам хуб нест. Духтурҳо ташхис карда ба ман гуфтанд, ки Гепатити "С" шудаам. Панҷ моҳ аст, ки саргардонам. Пули бисёре сарф кардам, вале ҳанӯз сиҳат нашудаам. Баъд рафта дар ин бора ба Вазорати тандурустӣ шикоят кардам",-афзуд ин мусоҳиби мо.



Дар пайи шикоятҳои сокинон, ахиран Хадамоти беҳдории Вазорати тандурустии Тоҷикистон, қариб тамоми марказҳои хусусӣ ва давлатии дандонпизишкиро дар шаҳри Душанбе ва навоҳии мухталифи кишвар мавриди санҷиш қарор додааст. Дар натиҷа фаъолияти 12 маркази хусусии дандонпизишкӣ ба далели ҷавобгӯ набуданашон ба талаботи санитариву эпидемиологӣ, боздошта шудаанд.

Холмуҳаммад Назаров, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, ҳангоми санҷиш маълум шуд, ки воқеан дар бархе аз марказҳои хусусии дандонпизишкӣ, ки теъдодашон тайи як даҳсолаи охир ба маротиб афзудааст, духтурон ҳатто оддитарин талаботи санитариву гигиенӣ риоя намекунанд.

Ӯ гуфт: "Вақте ин марказҳои дандонпизишкиро мавриди санҷиш қарор додем, дар ҳайрат уфтодем. Бо як асбоб, масалан, анбӯр, дар як рӯз қариб дандони 20 касро мекананд. Ҳол он ки мо пайваста ба онҳо тавсия медиҳем, ки бояд аз зарфҳову асбобҳое истифода баранд, ки танҳо барои як маротиба пешбинӣ шудааст. Ҳатто як хел духтурҳоро мебинед, ки бо нохунҳои дарозу рангкардашуда кор мекунанд, ки ин ҳеҷ мумкин нест. Ин чизҳо сабаб шудаанд, ки одамон омада дандонашонро табобат кардаву ба бемори Гепатити "С" сироят ёфтаанд."

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи мусоҳиби мо Зебо, вазъ дар марказҳои дандорпизишкии давлатӣ низ чандон хуб набуда, сироят ёфтан ба ҳар гуна беморӣ дар ин марказҳо низ аз эҳтимол дур нест.

Дар зимн ба гуфтаи масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон, тайи ду соли ахир бемориҳои сироятие аз қабили Гепатити "B" ва "С" дар миёни аҳолии кишвар нисбат ба ду-се соли пеш коҳиш ёфтааст. Вале ҳолатҳои дар натиҷаи табобати дандон ва дигар бемориҳо дар марказҳои тиббӣ сироят ёфтани одамон ба ин беморӣ зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Коршиносон дар ин маврид фасоди густрударо ҳам сарфи назар намекунанд. Онҳо мегӯянд, ин афрод шояд ба ивази ришва иҷозатнома гирифтаву дар ҳар нуқта утоқҳои дандонпизишкӣ кушодаанд. Дар ҳоле ки хадамоти аксарияти онҳо ба талаботи санитариву гигиенӣ ҷавобгӯ нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG