Пайвандҳои дастрасӣ

Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон омодааст фарзандони миллионерҳои тоҷикро сарфи назар аз донишашон ва он ҳам бо пардохти маблағҳои калон ба донишҷӯи бипазирад.

Маъмурияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мегӯяд, ки солҳои охир дар кишвар сарватмандоне пайдо шудаанд, ки мехоҳанд бо пардохти маблағҳои калон, фарзандони онҳо бидуни имтиҳони давлатӣ ба донишгоҳ дохил шуда, соҳибихтисос шаванд.

ПУЛ ДОРӢ, ДОНИШҶӮЙ МЕШАВӢ

Убайдулло Қурбонов, ректори Донишгоҳи мазкур дар сӯҳбат ба Озодӣ, аз падидаи ба саҳнаи сарватмандӣ ворид шудани тоҷикони маҳаллӣ истиқбол кард ва гуфт, ки пайдо шудани чунин муштариён ин худ далели боло рафтани сатҳи зиндагии мардум ва пешравии ҷомеа аст.

Оқои Қурбонов афзуд: «Дар баъзе донишгоҳҳои пешрафтаи дунё, як теъдод донишҷӯён фарзандони нухбагон ва магнатҳо ҳастанд. Онҳо хуш надоранд, ки имтиҳони донишгоҳҳоро супоранд ё бо савод дохил шаванд. Онҳо тайёранд, ки донишгоҳ чӣ қадар маблағе талаб кунад, пардохт кунанд ва донишҷӯ шуда диплом гиранд. Шояд ин барои имиҷи онҳо ҳам лозим аст. Ҳатто, баъзеяшон шояд, дар панҷ соли таҳсил барномаро аз худ намекунад, маҷбур аст, ки бо пардохти маблағ дар 15 сол барномаро аз худ кунад. Шояд нишондиҳадаҳои баланд бошад, ки онҳо ҳам дар Тоҷикистон пайдо шуданд ва пардохти маблағи калон мехоҳанд, ки фарзандонашон ба донишгоҳи мо дохил шаванд. Бояд, ки аз ин сарватмандҳо ва нафарони маблағҳои калон доранд фахр кунем. Агар мо ба самти капитализм равон бошем бояд, ки аз миллионерҳое, ки дорем истифода кунем.»

ПИЗИШКӢ ДОНИШУ МАЛАКА МЕХОҲАД...

Вале баъзе таҳлилгарон бо чунин усул, яъне бо пардохти маблағи калон дохил шудани ҷавонон ба мактабҳои олӣ ва бадин васила харидани дипломро падидаи манфӣ унвон мекунанд.

Аҳлиддин Салимпур, як ҷавони рӯшанфикри тоҷик мегӯяд, ки касби табибӣ ё худ донишу малакаеро, ки бояд ба ҳаёти инсон ва ҷону тани ӯ равона шавад, пардохти пулу моли калон ва зару тилло намешавад, сазовор шуд. Ба бовари ҳамсӯҳбатам, дар кишварҳои хориҷӣ илмҳои техникиро нухбагон бо пардохти маблағҳои калон меомӯзанд ва вазъи иҷтимоии ҳукуматҳо ва ҷамъиятҳо дар он кишварҳо аз Тоҷикистон фарқ дорад.

Оқои Салимпур аз ҳодисаи фоҷиаборе ёдовар мешавад, ки ғайриҳирфаӣ будани табиб боиси марги шаҳрванде шудааст: «Ба мо як мард муроҷиа кард, ки ҳамсарашро табибони дармонгоҳи Ёрии таъҷили ҷарроҳӣ карданд ва ба иштибоҳ роҳ дода, ҳамсараш ба ҳалокат расидааст. Ин хабар ҳатто дар ВАО сару садоҳо пайдо кард, аммо масъулини чорае надиданд. Дар ин Донишгоҳи тиббӣ аз он, ки бо пулу тағо қабул мекунанд, беҳтар аст, ки таҷдиди назар кунанд ва ба миллат ва ҷомеа хиёнат накунанд, табиб тарбия намоянд.»

САТҲИ ДОНИШИ ТАБИБОНИ ОЯНДА БЕҲТАР ШУДААСТ?

Роҳбарияти Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мегӯяд, ки солҳои 2000-ум сару садо атрофи паст будани сатҳи табибони ҷавон зиёд буд. Аммо чанд соли охир Донишгоҳ талош кардааст, ки сатҳи тахассуси донишҷӯён беҳтар шавад.

Далери Ғуфрон, таҳлилгари ҷавон бар ин назар аст, ки дар Донишгоҳи тиббӣ набояд, ки муҳим маблағ ва диплом барои табибони ҷавон бошад. Зеро диплом доштан маънои соҳибихтисос будан нест: «Албатта, маълумоти олӣ доштан бо заҳмати воқеӣ ба даст омада бошад дуруст аст, аммо зиндагӣ ҳунару истеъдодро талаб мекунад. Ман ба он боварам, ки мо дер ё зуд ба дарки он мерасем, диплом доштан хуб аст, аммо на ба маънои бо ном доштан, зеро ин хуб нест ва ба каммаърифатии мо бастагӣ дорад.»

ДОНИШГОҲИ ТИББӢ ЧАНД ДОНИШҶӮ ДОРАД?

Ба иттилои роҳбарияти донишгоҳи мазкур, айни ҳол дар ин даргоҳ 6 ҳазору 226 донишҷӯ таҳсил дорад, ки аз ин ҳисоб 3 ҳазору 415 нафар дар бахши буҷавӣ, 550 нафар тибқи квотаи президентӣ ва 2 ҳазору 811 нафар дар бахши шартномавӣ дар се гурӯҳи русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ мебошанд.

Қимати таҳсил дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ аз 3000 то 3500 долари амрикоӣ аст. Ва айни ҳол дар ин даргоҳ беш аз 500 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG