Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои Амният авзоъ дар Сурияро баррасӣ мекунад


Шӯрои амнияти Созмони Милал дар як нишасти паси дарҳои баста, пешниҳоди қудратҳои ғарбӣ дар бораи қабули қатънома алайҳи Сурияро баррасӣ дорад. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, рӯзҳои гузаштаи истироҳат дар Сурия 140 нафар ва ҳудуди 100 нафари онҳо дар шаҳри Ҳамо кушта шуданд. Ин шаҳр маркази тазоҳуротҳои зиддидавлатӣ аст, ки дар он аз Башшор Ассад раиси ҷумҳур талаб мекунанд, аз мақомаш биравад. Артиши Сурия рӯзи 31 июл ба ин шаҳр юриш бурд ва мавриди интиқоди шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико дар як баёнияи расмӣ гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд якҷоя ба ҳимоят аз мардуми Сурия садо баланд кунад. Чину Русия ду узви Шӯрои Амният пештар қатъномаҳо алайҳи Сурияро тарафдорӣ накардаанд.
XS
SM
MD
LG