Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи тозаи артиши Сурия ба шаҳри Ҳамо


Хабаргузориҳо аз қавли шоҳидони айнӣ гузориш додаанд, ки нерӯҳои Сурия шоми душанбе яксара ба шаҳри Ҳамо тирандозиро шурӯъ кардаанд. Ин шаҳр маркази тазоҳуротҳои зиддидавлатӣ аст, ки дар он аз Башшор Ассад раиси ҷумҳур талаб мекунанд, аз мақомаш биравад. Артиши Сурия рӯзи 31 июл ба ин шаҳр юриш бурд ва мавриди интиқоди шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Ҳатто Русия яке аз шарикони суннатии Сурия давлати Башшор Асадро ба хештандорӣ даъват кард. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, рӯзҳои гузаштаи истироҳат дар Сурия 140 нафар кушта шуданд ва ҳудуди 100 нафари онҳо дар шаҳри Ҳамо. Қарор аст, Шӯрои Амнияти Созмони Милал вазъи Сурияро дар як нишасти паси дарҳои баста баррасӣ кунад. Ҷузъиёти бештар дар идомаи барнома.
XS
SM
MD
LG