Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли ду уйғур дар шаҳри Қошғари Чин


Мақомоти маҳаллӣ дар ғарби Чин мегӯянд, ду уйғурро, ки дар хушунатҳои шаҳри Қошғар даст доштанд, ба қатл расониданд. Ба гуфтаи мақомот, пулис он ду нафарро зимни боздошт куштааст. Мақомоти Чин мегӯянд, хушунатҳои ахир, ки дар Қошғар 18 кушта бар ҷой гузошт, кори дасти тундгароёни исломӣ аст, ки дар ӯрдугоҳҳои хориҷии террористӣ омӯзиш дидаанд. Хабаргузории расмии Синхуа мегӯяд, раҳбарони гурӯҳҳои тундрав истифода аз маводи тарканда ва силоҳи оташфишонро дар ӯрдугоҳи Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ дар Покистон омӯхтаанд. Дар вилояти Шинҷони Чин таниш миёни уйғурҳо ва чиниҳо, ки барои кор ба инҷо ҳарчӣ бештар меоянд, солҳои ахир боло гирифтааст ва танҳо дар соли 2009 дар як муноқиша байни онҳо 200 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG