Пайвандҳои дастрасӣ

Дар низоъҳои Карочӣ 11 нафар кушта шуданд


Мақомоти шаҳри Карочии Покистон мегӯянд, бар асари идомаи хушунатҳои қавмӣ дар ин шаҳр дирӯз 11 нафар кушта шудаанд. Моҳи июл дар маҷмӯъ дар ин хушунатҳо 200 нафар ҷон доданд. Давлати Покистон барои монеъ шудан ба низоъҳои қавмӣ ба ғарби шаҳри Карочӣ нерӯҳои изофӣ сафарбар кард. Мақомоти расмӣ дар ин низоъҳо тарафдорони Ҳаракати Муттаҳида Қавмӣ, ҳизби урдӯзабонон ва ҳизби рақиби он Ҳизби Авоми Миллиро, ки аз муҳоҷирони пушту иборат аст, дар ин хунрезиҳо гунаҳкор медонанд.
XS
SM
MD
LG