Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯҳнавардони қазоқ мақомоти ӯзбакро ба додгоҳ мекашанд?


Гурӯҳе аз кӯҳнавардони қазоқ мегӯянд, барои боздошти ғайриқонуниашон мақомоти Ӯзбакистонро ба додгоҳ мекашанд. Чаҳор кӯҳнаварди калонсол ва ҳашт навраси қазоқро ҳангоми саёҳат дар кӯҳҳои Тиёншон дар моҳи гузашта марзбонони ӯзбак дастгир карданд.Кӯҳнавардони қазоқ мегӯянд, марзбонони ӯзбак бо ин амалкардашон ҳуқуқи онҳоро поймол кардаанд. Кӯҳнавардони қазоқ мегӯянд, роҳгум зада ва нодониста ба қаламрави Ӯзбакистон ворид шудаанд. Ин саёҳон баъди боздошти бештар аз ду ҳафтаина рӯзҳои 30 ва 31 июл ба хонаҳояшон баргаштанд. Мақомоти Қазоқистон аз ҳукумати Ӯзбакистон хостаанд, ин қазияро расман шарҳ диҳад.
XS
SM
MD
LG