Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти 7 муттаҳам ба фӯруши силоҳ дар Бишкек


Мақомоти интизомии Қирғизистон мегӯянд, дар шаҳри Бишкек ҳафт нафар муттаҳам ба тиҷорати ғайриқонунии силоҳро боздошт карданд ва яке дигар зимни боздошт худкушӣ кардааст. Колбой Мусоев, муовини раиси Кумитаи амниятии миллии Қирғизистон, ин гурӯҳро ба тиҷорати ғайриқонунии аслиҳа, пулшӯӣ ва кӯмак ба террористон муттаҳам кард. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ яке аз аъзои гурӯҳ зимни тафтиши хона аз бинои баландошёна худро берун андохтааст. Дар манзили яке аз онҳо аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ кашфу забт кардаанд.
XS
SM
MD
LG