Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз бар асари парокандасозии намоишҳои зиддиҳукуматӣ аз сӯи нерӯҳои амниятии Сурия дасти кам 8 нафар кушта шуданд. Фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандии Сурия хабар доданд, ки шаш нафар дар канори шаҳри Ҳамо ва ду тани дигар дар шаҳрҳои Дайр-аз-Зур ва Албу Камол ба ҳалокат расиданд.

Шаби гузашта дар чанд шаҳри Сурия намоишҳои ҳамраъӣ бо сокинони шаҳри Ҳамо баргузор шуданд. Рӯзи якшанбе дар ин шаҳр дар натиҷаи саркӯбсозии тазоҳуроти мардумӣ 97 нафар ҷон бохтанд.

Имрӯз Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳо болои мақомоти Сурияро ташдид бахшид ва ба ин васила ба саркӯбсозии бераҳмонаи эътирозгарон дар ин кишвар вокуниш нишон дод. Ба иттилоъи Радиои Озодӣ, Брюссел ба феҳристи афроде, ки вурудашон ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупо мамнӯъ аст ва ҳисобҳои бонкияшон дар Аврупо мунҷамид шудааст, ному насаби боз панҷ мансабдори воломақоми Димишқро илова кард.

Кэтрин Эштон, масъули сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо, аз Созмони Милали Муттаҳид даъват намуд, ки барои хатми хушунат дар Сурия аз чораҳои қатъӣ кор бигирад.

Қарор аст, ки имрӯз Шӯрои амнияти СММ авзоъ дар Сурияро пушти дарҳои баста баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG