Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳримҳои нави Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Сурия


Кэтрин Эштон

Кэтрин Эштон

Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳо болои мақомоти Сурияро ташдид бахшид ва ба ин васила ба саркӯбсозии бераҳмонаи эътирозгарон дар ин кишвар вокуниш нишон дод.

Ду рӯзи ахир дар задухӯрди низомиён ва эътирозгарон дар шаҳри Ҳамо 140 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилоъи Радиои Озодӣ, Брюссел ба феҳристи афроде, ки вурудашон ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупо мамнӯъ аст ва ҳисобҳои бонкияшон дар Аврупо мунҷамид шудааст, ному насаби боз панҷ мансабдорои воломақоми Димишқро илова кард.

Кэтрин Эштон, масъули сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо аз СММ даъват намуд, ки барои хатми хушунат дар Сурия аз чораҳои қатъӣ кор бигирад.

Имрӯз Туркия ҳам аз амалиёти артиши Сурия интиқод кард. Аз ин пештар вазорати умури хориҷии Русия аз мақомоти Сурия талаб карда буд, ки ба хунрезӣ хотима бахшад.Олмон бошад хостори баргузории машваратҳои оҷили Шӯрои амнияти СММ дар робита ба хушунат дар Сурия шуд.

Қарор аст, ки имрӯз Шӯрои амнияти Созмони Милал авзоъ дар Сурияро пушти дарҳои баста баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG