Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин мурофиаи зани террорист дар Арабистони саудӣ


Дар Арабистони саудӣ барои нахустин бор мурофиаи додгоҳии зане ифтитоҳ гардид, ки дар терроризм айбдор мешавад.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, додситонӣ ин зани 45-соларо дар узвияти “Ал-Қоида”, пинҳон кардани ифротгароҳо ва ҷалби ҷавонон ба сафи афроди мусаллаҳ муттаҳам мехонад.

Хабаргузориҳо ному насаби занро ифшо накардаанд ва фақат навиштаанд, ки ӯ соли гузашта дар шаҳри Бурайда, маркази вилояти Ал-Қосим, боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, ки бо талаби хонаводаи айбдоршаванда, хабарнигорон ба толори додгоҳ роҳ нахоҳанд ёфт.
XS
SM
MD
LG