Пайвандҳои дастрасӣ

Тафтиши парвандаи таркиш дар метрои Минск хатм шуд


Додситонии Белорус дар бораи хатми тафтишот аз рӯи парвандаи ҳамлаи террористӣ дар метрои шаҳри Минск хабар дод. То охири ҳафта бояд парванда ба додгоҳ фиристода шавад.

Таркиш дар метро рӯзи 11 апрел ба вуқӯъ пайваст ва 15 кушта бар ҷой гузошт. Дар ин ҳодиса беш аз 200 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Ба гуфтаи додситонӣ, дар таркиш ду сокини шаҳри Витебск – Ковалев ва Коновалов айбдор мешаванд.

Андрей Швед, муовини Додситони кулли Белорус гуфт, ки ин ду нафар мустақилона амал кардаанд ва тафтишот барои фармоишӣ хондани таркиш дар метро далеле надорад.
XS
SM
MD
LG