Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши интиқоди байнулмилалӣ аз Сурия


Аҳмад Довудоғлу
Аҳмад Довудоғлу
Туркия аз амалиёти артиши Сурия, ки дирӯз дар задухӯрд миёни эътирозгарон ва низомиён тақрибан 140 нафар кушта шуданд, интиқод кард.

Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Туркия дар Анқара ба хабарнигорон гуфт, ки "мо аз ҳаводис дар шаҳри Ҳамо ва дигар шаҳрҳои Сурия такон хурда ва шадидан нигаронем. Мо ин амалиёти мақомоти Сурияро қатъӣ маҳкум мекунем".

Аз ин пештар вазорати умури хориҷии Русия ҳам аз мақомоти Сурия талаб карда буд, ки ба хунрезӣ хотима бахшад.

ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо куштори эътирозгарон дар Сурияро қатъӣ маҳкум намуда, хостори ташдиди таҳримҳо болои Димишқ шуданд. Олмон бошад хостори баргузории машваратҳои оҷили Шӯрои амнияти СММ дар робита ба афзоиши хушунат дар Сурия шуд. Қарор аст, ки машваратҳо имрӯз баргузор шавад.

Ба гуфтаи шоҳидон, дирӯз низомиёни Сурия дар шаҳри Ҳома сӯи тазоҳургарон, ки истеъфои раисиҷумҳур Башор Асадро талаб мекарданд, аз тонкҳо оташ кушоданд.
XS
SM
MD
LG