Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ф.Раҳимов: “Филиали донишгоҳҳои худро дар хориҷ боз хоҳем намуд”


Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мегўяд, Тоҷикистон тасмим дорад дар Эрон ва Афғонистон филиали донишгоҳҳои худро боз намояд.

Ба таъкиди ҷаноби Раҳимов, ин амр дар пайи дархости масъулони ин кишварҳо сурат мегирад.

Ба гуфтаи ин мақоми вазорати маорифи Тоҷикистон, пас аз таҳлилу баррасӣ ва тасдиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин кор мавриди амал қарор хоҳад гирифт, ки интизор меравад, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон филиалҳои худро дар ин ду кишвар боз кунад: “Вақте, ки пурра ин масъалаҳо тибқи талаботи конунгузорӣ ҳаллу фасл шаванд, ба шунавандагон ахбор пешниҳод хоҳем кард ва даъват мекунем, ки хоҳишмандон дар ин намояндагиҳо ва филиалҳо бевосита омада таҳсил намоянд.”

Ғафурҷон Ҳакимов, ноиби ректори Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон дар масоили илм ва тадқиқот дар ин росто гуфт, ин донишгоҳ ба ассотсиатсияи донишгоҳҳои дунё шомил аст ва бо зиёда аз 60 кишвари олам тариқи шартнома равобити хориҷӣ дорад, ки метавонад филиалҳои худро дар дохил ва хориҷи кишвар боз кунад.

Ӯ мегӯяд, ҳатто аз тарафи мактабҳои олии Украина низ, барои боз шудани филиалҳои Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон дархост шудааст. Ҷаноби Ҳакимов мегӯяд: “Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон ҳамеша стратегияи худро бо тамоми давлатҳои ҳамсоя ҳамчун сиёсати дарҳои кушод омода намудааст. Агар мактабҳои олии ин кишварҳо хоҳанд, чаро не? Ва онҳо тавониста бошанд, ки аз тарафи давлатҳои хориҷии дигар эътироф шуда бошанд.”

Ин дар ҳолест, ки Саидамини Ҳусайнӣ, як тан аз унвончӯёни эронӣ, ки дар риштаи технология дар Тоҷикистон таҳсил дорад, мегўяд, роҳандозии намояндагии донишгоҳҳо барои ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону Эрон дар заминаи илмҳои муосир аҳамияти хосаеро дорост: “Агар дар Эрон ҳамчунин филиале дошта бошем ё боз бишавад, дар соҳаҳои мухталиф, дигар ниёз нест донишҷӯёни эронӣ масири бисёр зиёдеро тай бикунанд ва биёянд кишвари Тоҷикистон ё кишварҳои дигар. Ҳазинаҳои зиёдеро бипардозанд. Дурӣ аз хонавода. Мушкилоти дигар. Ҳамаи инҳо дар воқеъ коста мешавад. Ва он зарфиятҳое, ки холӣ аст, яъне дар донишгоҳҳои Эрон чун ба далели ин, ки бисёре аз донишҷӯён мутақозӣ ҳастанд барои таҳсил ва ин зарфият кам аст, наметавонанд вориди донишгоҳҳо шаванд, метавонанд аз ин шӯъбаҳои тоҷикистонӣ истифода баранд.”

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон худ барои омода намудани мутахассисони ботаҷрибаи ҳирфаӣ оид ба фанҳои дақиқ ва технологӣ камбуд дорад. Аз ин рў масъулон кӯшиш менамоянд, ки бештар филиали донишгоҳҳои кишварҳои пешрафтаро дар Тоҷикистон боз кунанд.

Ба қавли Фарҳод Раҳимов, дар ин росто, то кунун чаҳор кишвар - Русия, Туркия, Украина ва Эрон тавонистаанд, филиали донишгоҳҳо ва литсеҳои муштараки худро дар Тоҷикистон боз намоянд. Фарҳод Раҳмов гуфт: “Албатта, дар сурате, ки тарафҳо омодагӣ дошта бошанд, мо асосан эҳтиёҷ дорем барои омода кардани мутахассисони энергетика, технологияи компютерӣ, барномасозии кампютерӣ ва он ихтисосҳое, ки имрӯз иқтисодиёти миллии кишвар ба онҳо эҳтиёҷ дорад, омода ҳастем филиалҳо, намояндагиҳо ва шӯъбаҳоро таъсис диҳем.”

Дар ҳоле, ки Тоҷикистон талоши таъсиси филиали яке аз донишгоҳҳои хеш дар хориҷ аз кишварро дорад, коршиносон мегӯянд то куҷо ин муассисот метавонанд, мутахассисони ҳирфаӣ омода кунанд, танҳо вақт нишон хоҳад дод.

Навиштаи Рустами Набот
XS
SM
MD
LG