Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти як шаҳрванди Афғонистон дар Бадахшон


Додгоҳи Бадахшон шаҳрванди Афғонистон Сарвархон валади Ҳазратшоҳро барои хариди ғайриқонунии сангҳои гаронбаҳо ба мӯҳлати якуним сол аз озодӣ маҳрум кард.

Сарвархон валади Ҳазратшо дар бозори марзии Тем санги гаронбаҳои ёқутро харид карда, ба мақсади интиқоли он дар бастаи яке аз савдогарони афғон пинҳон намудаст.

Вале кормандони раёсати амният дар гузаргоҳи марзи кӯшиши интиқоли санги гаронбаҳоро пешгирӣ намуданд. Ба гуфтаи додгустар Давлатмо Додихудоева, барои муомилоти ғайриқонунии сангҳои гаронбаҳо, аз 2 то то 7 соли маҳрумият аз озодӣ муқаррар шуда, аммо додгоҳ муҷозотро нисбати айбдоршаванда бо назардошти ҳолатҳои сабуккунанда тадбиқ кардааст. Вай гуфт: «Бинобар бори аввал ҷиноят содир кардан, дар тарбияаш фарзандони хурдсол доштан, изҳори пушаймонӣ аз кирдор ва дараҷаи ками хавфнокии ҷиноят барои ҷомеаро ба назар гирифта, додгоҳ нисбати ин шаҳрванди кишвари ҳамҷавор муҷозоти сабук таъин намуд.»

Аммо ба гуфтаи маҳкумшуда, вай санги гаронбаҳоро ба хотири тӯҳфа ба туйи арӯсии духтари ба балоғатрасидааш харид намуда, намедонист, ки ҷурм содир кардааст. Вай гуфт: «Мехостам барои духтарам аз он ангуштарӣ ҷур кунам.»

Ҳувияти сокини маҳаллӣ, ки санги ёқутро дар бозор фурӯхтааст, барои тафтишот номаълум боқӣ мемонад.

Сарвархон аз ақвоми паштуи Афғонистон буда, аз 15 сол ба ин сӯ дар маҳалли Ориёпури Покистон иқомат дорад. Мегӯяд, ки ба майдатиҷорат дар кӯчаҳои шаҳрҳои Афғонистон шуғл дошта ба бозорҳои марзӣ низ мол меорад.
Ташхис қимати чор грамми ин санги ёқутро, ки шаҳрванди афғон ғайриқонунӣ харидаст, 147 сомонӣ муайян кардааст. Аммо ҳар як грамми санги шаффофи ёқут дар бозор ҳазорҳо доллар нарх дорад.

Қаблан раёсати амният дар минтақа изҳор доштанд, ки онҳо дар муддати соли равон чор ҳодисаи дигари қочоқи сангҳои гаронбаҳои табииро аз шаҳрвандони хориҷи кишвар пешгирӣ карданд.

Ба гуфтаи коршиносон, дар Афғонисттон сангҳои гаронбаҳо зиёданд ва фарзияи хариди санги гаронбаҳо ба хотири нигини ангуштарӣ боварибахш намебошад, аммо аз таваҷҷӯҳи афзояндаи шаҳрвандони афғон ба сангҳои гаронбаҳои табии дар Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Дар баробари шаҳри Ӯши Қирғизистон, Афғонистон ба як самти дигари кочоқи ғайриқонунии сангҳои гаронбаҳо табдил ёфта, корчаллонҳо бозорҳои марзиро ҳам ба ин мақсад истифода мебаранд. Ёқут гаронбаҳотарин санг пас аз алмос маҳсуб мешавад ва 25- 30 сол қабл конҳои он дар минтақаи шарқии кишвар кашф шуданд.

Ба гуфтаи мутахассисон, санги ёқут ба ғайр аз ноҳияҳои Мурғоб, дар навоҳии Роштқалъа ва Ишкошим низ вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG