Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сиёсатмадорони Амрико аз дефолт ҷилавгирӣ карданд?


Раҳбарони ҳарду палатаи Конгресс ИМА аз ҳосил шудани созиш дар робита ба мушкили боло бурдани маҳдудияти қарзи кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.

Тарҳи созише, ки миёни демократҳову ҷумҳурихоҳон ва бо ширкати Кохи Сафед ҳосил шудааст, бояд ба зудӣ аз сӯи ҳарду палатаи Конгресс пазируфта шавад.

Дар робита ба ин шоми дирӯз Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, изҳорот нашр кард ва гуфт, ки "масъала ҳанӯз пурра ҳал нашудааст. Мехоҳам аз аъзои ҳарду ҳизб дар Конгресс даъват намоям, ки аз созиш ҷонибдорӣ кунанд". "Ин имкон медиҳад, ки аз варшикастагии молиявӣ ҷилавгирӣ кунем ва ҳама ҳисобҳоро пардохт намоем, оқилона ба коҳиши касри буҷа шурӯъ кунем, ба ташкили ҷойҳои нави кор, боло бурдани маош ва суръат бахшидан ба рушди иқтисод муваффақ шавем", афзуд раисиҷумҳури ИМА.

Раиси Маҷлиси намояндагон ҷумҳурихоҳ Ҷон Бейнер изҳор намуд, ки раъйдиҳӣ бояд ҳарчӣ зудтар сурат бигирад. Агар ин санад тасвиб нашавад, рӯзи сешанбе ИМА ба дефолт ё варшикастагии молиявӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.

Митч МакКонел, раҳбари ҷумҳурихоҳон дар Сенат, мардумро мутмаин сохт, ки Конгресс ба эълони варшикастагии молиявӣ роҳ нахоҳад дод.

Бар пояи тарҳи созиши ҳосилшуда, тайи даҳ соли оянда масрафоти давлат бояд дасти кам як триллион доллар коҳиш ёбад. Ҳамзамон низоми феълии нафақа ва тандурусӣ ҳифз карда хоҳад шуд. Имтиёзҳо барои пардохти андоз аз сӯи сарватмандон ҳам боқӣ хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG