Пайвандҳои дастрасӣ

Сармураббии дастаи футболи Тоҷикистон истеъфо дод


Имрӯз дар ҷаласаи шӯрои кумитаи иҷроияи Федератсиони футболи Тоҷикистон аризаи истеъфои Пӯлод Қодиров аз мақоми сармураббии дастаи мунтахаби миллии футбол пазируфта шуд.

Ӯ баъди нокомии даста дар бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 бо тими миллии Сурия аризаи истеъфо навишт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳарду бозиро бо ҳисобҳои 1:2 ва 0:4 бохт.

Қарор аст, сармураббии нави дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар наздиктарин ҷаласаи Федератсиони футболи кишвар таъйин шавад.
XS
SM
MD
LG