Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари лағзиши кӯҳпора ҳудуди 400 метр роҳи мошингарди миёни ноҳияи Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ дар рустои Рарз, 30 километрии маркази ин ноҳия масдуд шуда ҳаракати мошинҳо ва рафтуомади мардум қатъ шудаст.

Ба қавли раиси Идораи роҳсозии ноҳияи Айнӣ Садриқул Шербуттаев, бар асари хокрезиш ҳудуди 800 ҳазор куб хок роҳро бастааст, ки феълан имкони бартараф кардани он вуҷуд надоштааст.

МУШКИЛОТИ МАРДУМИ МИНТАҚА

Ҷаноби Шербуттаев меафзояд, ки барои пурра поксозӣ кардани роҳ бо техникаҳои кӯҳнаву фарсудаи Идораҳои роҳозӣ, тақрибан як моҳ лозим аст: «Кӯҳ фаромада 500 метри роҳҳро тахриб кардааст. Аз 22 километрӣ на тарафи боло ва на ба тарафи поин роҳ нест. Ҳоло мо ҳаракат дорем аз паҳлӯи кӯҳ як пайроҳа боз кунем. Барои пурра тоза кардани роҳ як моҳ вақт лозим аст. Техникаи мо бисёр кӯҳна аст. Лекин хоктеппа ҳамчунин хобидааст. Ҳоло геологҳо меоянду бо вазъият ошно хоҳанд шуд. Мардуми деҳоти Айнӣ аввал меомаданд ба Мастчоҳи кӯҳӣ аз онҷо аз ағбаи Обурдон убур намуда ба ноҳияи Ғончӣ меоянд, сипас аз онҷо пас гашта ба маркази ноҳияи Айнӣ мерасанд.»

Масдудияти роҳ рафтуомади мардуми деҳкадаҳои Вешаб, Похуд, Шавакт, Дарғ, Каздон, Шамтич, ки беш аз 10 ҳазор ҷамъият доранд, ба маркази ноҳия ва ҳамчунин ба шаҳри Душанбе ва маркази вилояти Суғд номумкин кардааст. Сокинони деҳоти Масчоҳи кӯҳӣ низ мегӯянд, ки як рӯз пеш баъди он, ки роҳи ағбаи Обурдон ҳамвор карда шуд, мушкили то андозае рафъ шудааст.

ТАХРИБИ САДҲО МЕТР РОҲИ МОШИНГАРД

Дар ҳамин ҳол аз вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки бар асари резиши хоки зиёд пеши дарё баста шуда оби дарё садҳо метр роҳи мошингардро тахриб кардааст.

Абдумаҷид Шарифов, сардори раёсати иқтисод ва хоҷагиҳои роҳсозии вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки вазъият дар масъалаи роҳи Айнӣ хеле ҷиддӣ буда барои таҳқиқи он як кумиссиюн таҳти сарварии нахуствазир Оқил Оқилов субҳи сешанбе 2-юми август озими ноҳияи Айнӣ хоҳад шуд.

Дар робита ба вазъи роҳ ҷаноби Шарифов мегӯяд: «900 ҳазор куб хок пеши дарёро бастааст ва оби дарё баланд шуда якуним километр роҳ зери об мондааст. Дар онҷо ташкилоти мо кор карда истодааст. Булдозерҳо кор карда истодаанд, даҳшат аст охир. Аксҳои роҳ дар дасти мо ҳастанд ва мо бар асоси онҳо ба ҳукумат нома навишта истодаем. Хуб, ки фардо як кумиссиюн бо сарварии нахуствазир меравад.»

САРГАРДОНИҲОИ МАРДУМ

Аммо сокинони ин деҳкадаҳо мегӯянд, ки аз баста шудани роҳ чанд рӯз мегузарад, вале ҳеҷ кори ҷиддие барои барқарор кардани роҳ анҷом дода нашудааст. Мардум ночор бору колои худро аз маҳаллаи обхезӣ мегузаронанду аз ин тараф дар мошинҳо савор шуда роҳи худро идома медиҳанд.

Исфандиёр, як сокини деҳаи Рарз мегӯяд, ки мардум бо азоб аз он тараф ба ин сӯ ҳаракат мекунанд. Зеро фақат як пайроҳаи одамгузар ҳасту тамом: «Баъд аз ин, ки кӯҳ фаромада пеши обро бастааст, об роҳи мошингардро ҳам хароб кардаст, ки як қисмати калони роҳ лағжида даруни дарё рафтааст. Танҳо як пайроҳаи одамгузар ҳасту тамом. Мардуме, ки мехоҳанд аз ин сӯ ба он тараф ва ё баръакс аз он тараф ба ин сӯ биёянд, пиёда роҳро мегузаранду баъд дар мошинҳо савор мешаванд.»

Ба қавли ҳамсӯҳбати мо Исфандиёр, ҳар рӯз то 300 нафар сокинони деҳот пиёда аз ин мавзеъи харобшуда убур мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир барои таъмиру дуруст кардани роҳ танҳо Идораи роҳсозии ноҳияи Айнӣ машғул аст ва он ҳам мегӯяд, ки бо техникаи кӯҳнаву фарсуда шояд дар зарфи як моҳи дигар ҳаракати мошинҳо дар ин ҷода барқарор карда шавад.

Вале аз вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, ки рӯзи сешанбе пас аз бозрасии кумиссиюни давлатӣ, маълум хоҳад шуд, ки дар кадом мӯҳлат ин мушкил бартараф карда хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG