Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси ду муассисаи нави давлатӣ дар Тоҷикистон


Бо амри президент Эмомалӣ Раҳмон ду мусассисаи нави давлатии тобеъ ба дафтари раёсатҷумҳурӣ – Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва осорхонаи миллли Тоҷикистон таъсис шуданд.

Ба иттилоъи дафтари матбуоти раисиҷумҳур, бо амри сарвари давлат Носир Салимов, ки ректори донишгоҳи забонҳои Тоҷикистон буд, раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъин гардид.

Абдувалӣ Шарифов, ки дар мақоми раиси осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Беҳзод кор мекард, курсии раиси Осорхонаи миллии Тоҷикистонро ишғол кард.

Қарор аст, ки бунёди биноҳои нави китобхонаи миллӣ ва осорхонаи миллӣ дар арафаи ҷашни истиқлоли Тоҷикистон анҷом ёбад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG