Пайвандҳои дастрасӣ

Машварати низомиён ва сиёсатмадорони турк шурӯъ шуд


Дар Туркия сиёсатмадорон ва низомиён машваратҳо дар робита ба таъини сардори Ситоди кулли артиш ва фармондеҳони аршадро шурӯъ карданд.

Машваратҳо таҳти раёсати нахуствазир Раҷаб Тайид Эрдуғон мегузаранд ва қарор аст чаҳор рӯз идома кунанд.

Сардори Ситоди кулли артиши Туркия Исиқ Косанер ва се фармондеҳи аршад ба нишони эътироз алайҳи маҳкум ба зиндон шудани садҳо афсар истеъфо доданд.

Афсарон дар ширкат дар талоши табаддулоти давлатӣ муттаҳам шуданд.
XS
SM
MD
LG