Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Теҳрон ба зудӣ ҳукми амрикоиҳоро содир мекунад


Шейн Бауэр ва Ҷон Фаттал
Шейн Бауэр ва Ҷон Фаттал
Ҳукми додгоҳ дар баробари ду шаҳрванди ИМА, ки дар Эрон бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт шудаанд, шояд ҳафтаи оянда содир шавад.

Дар ин бора Масъуд Шафеӣ, вакили дифоъи Шейн Бауэр ва Ҷон Фаттал хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, рӯзи якшанбе дар додгоҳи Теҳрон додситон ва вакили дифоъ мавқеъҳои худро дар робита ба иттиҳом баён карданд.

Дирӯз вазорати умури хориҷии Амрико ва хонаводаи боздоштшудаҳо аз мақомоти Эрон даъват намуданд, ки Бауэр ва Фатталро раҳо кунанд.

Се шаҳрванди Амрико ду сол пеш дар марзи Эрону Ироқ бо гумони ҷосусӣ боздошт шуда буданд. Яке аз онҳо Сара Шурд соли гузашта баъд аз пардохти гаравпулӣ маҳбаси Теҳронро тарк намуда буд. Ӯ аз бозгашт ба Эрон ба хотири ширкат дар мурофиаи додгоҳӣ сарпечӣ намуд.

Амрикоиҳо иттиҳоми ҷосусиро рад карда мегӯянд, ки ҳангоми сайри кӯҳистони Ироқ иштибоҳан вориди қаламрави Эрон шудаанд.
XS
SM
MD
LG