Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти даҳҳо ҷонибдорони Қаззофӣ дар Бенғозӣ


Ошӯбгарони Либия дар шаҳри Бенғозӣ дасти кам 60 гумонбари узвият дар гурӯҳҳои вафодор ба Муаммар Қаззофиро боздошт карданд. Дар тирпарронӣ миёни онҳо 8 нафар, чаҳор нафарӣ аз ҳарду ҷониб кушта шуданд.

Шӯрои миллии интиқолии ошӯбгарон ҷонибдорони раҳбари кишвар Қаззофиро дар куштори фармондеҳи аршад Абдул Фаттоҳ Юнус айбдор мекунад. Ин фармондеҳи ошӯбгарон рӯзи ҷумъа дар ҳоле аз сӯи афроди ношинос ҳадафи тир қарор гирифт, ки аз сӯи Шӯрои миллӣ ба хотири бозпурсӣ боздошт шуда буд. Масъулини хадамоти амниятии ошӯбгарон Абдул Фаттоҳ Юнусро дар ҳамкорӣ бо режими Муаммар Қаззофӣ гумонбар мехонданд.
XS
SM
MD
LG