Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои амнияти СММ хушунат дар Сурияро баррасӣ мекунад


Олмон хостори баргузории машваратҳои оҷили Шӯрои амнияти СММ дар робита ба афзоиши хушунат дар Сурия шуд. Қарор аст, ки машваратҳо имрӯз баргузор шавад.

Рӯзи якшанбе дар задухӯрл миёни эътирозгарон ва низомиёни Сурия тақрибан 140 нафар кушта шуданд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар шаҳри Ҳома сӯи тазоҳургарон, ки истеъфои раисиҷумҳур Башор Асадро талаб мекарданд, аз тонкҳо оташ кушодаанд.

ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо ин амали артиши Сурияро қатъӣ маҳкум намуда, хостори ташдиди таҳримҳо болои Димишқ шуданд. Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ҳам аз мақомоти Сурия талаб кард, ки ба хушунат хотима гузоранд.

Аз ин пештар тарҳи қатъномаи маҳкумсозии Димишқ барои хушунат алайҳи эътирозгарон ба Шӯрои амнияти СММ пешниҳод шуда буд ва аммо то ба райъдиҳӣ нарасид, зеро Русия ва Чин изҳор намуданд, ки ба ин санад мухолифанд ва дар сурати зарурӣ аз ҳаққи ветои худ истифода хоҳанд бурд.
XS
SM
MD
LG