Пайвандҳои дастрасӣ

Пӯлод Қодиров, сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон аз мақоми худ истеъфо дод.

Рӯзи 1-уми август дар ҷаласаи шӯрои кумитаи иҷроияи ФФТ аризаи истеъфои Пӯлод Қодиров аз вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон пазируфта шуд.

Иллати истеъфои сармураббӣ, натоиҷи ғайриқаноатбахши дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 бо тими миллии Сурия мебошад.

Мунтахаби Тоҷикистон аз ӯҳдаи иҷрои вазифаи худ- ба даври севуми сабқати интихобӣ роҳ ёфтан набаромад.

Ба иттилои мақомоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии ҷадиди тими миллии футболи кишвар дар ҷаласаи наздиктарини кумитаи иҷроияи ФФТ таъйин хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG