Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз варшикастагӣ раҳо ёфт?


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Раҳбарони Конгресс дар мавриди созише ба тавофуқ расиданд, ки иҷоза медиҳад, ҳадди қарзи Амрико боло бурда шавад.

Вакилон мувофиқат кардаанд, то қарзи ҳукумат 2,4 триллион доллар боло бурда шавад, вале санади мазкур бояд аз тарафи Маҷлиси Намояндагон ва Сенат, палатаҳои болоӣ ва поёнии Конгресси
Дар сурати
тасвиб нашудани созиш иқтисоди Амрико гирифтори рукуд ва бозорҳои ҷаҳонӣ, ки аксаран бо доллар муомила мекунанд, гирифтори бесарусомониҳои зиёд хоҳанд шуд...

Амрико тасвиб шавад.

Вакилон бояд ин корро то рӯзи дувуми август бикунанд, вагарна ҳукумати Амрико пули кофӣ барои пардохти ҳисобҳо, аз ҷумла ҳаққи бознишастагии мардум нахоҳад ёфт.

Ҳоло ҳадди ниҳоии қарзи ҳукумати Амрико 14,3 триллион доллар муайян шудааст ва изофа кардани тақрибан 2,5 триллион доллар ба ҳукумати Амрико иҷоза медиҳад, то баъд аз моҳи ноябри соли 2012, то замони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бекаму кост, ҳисобҳояшро бипардозад.

Барак Обама, зимни суханронии кӯтоҳе дар Кохи Сафед гуфт: "Созиш имкон медиҳад, аз варшикастагӣ эмин бошем ва бӯҳронеро хотима диҳем, ки Вашингтон ба тамоми бақияи Амрико таҳмил карда буд."

Созиши ниҳоӣ, ҳосили музокироти миёни демократҳо ва ҷумҳурихоҳон буд, ки аввалиҳо сенат ва дуввумӣ Маҷлиси Намояндагонро дар даст доранд. Зоҳиран ҳарду палатаи Конгресс дар мавриди санад имрӯз раъй хоҳанд дод.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико гуфт: "Ҳанӯз раъйгирии бисёр муҳими аъзои Конгресс дар пеш аст, аммо ман мехоҳам, бигӯям, ки раҳбарони ҳарду ҳизб дар ҳарду палата ба созиш расиданд, ки дефитсити буҷаро коҳиш дода ва монеи варшикастагӣ мешавад, варшикастагие, ки метавонад, асароти харобиоваре барои иқтисоди мо дошта бошад."

Ҷумҳурихоҳон дар ивази боло бурдани ҳадди қарзи ҳукумати Амрико аз ҳукумати Барак Обама мехостанд, хароҷоти буҷаро башиддат коҳиш диҳад. Барак Обама гуфт, дар марҳилаи аввал то як даҳсолаи дигар, хароҷоти буҷаи Амрико то як триллион доллар коҳиш дода хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ӯ, хароҷоти буҷа ба тадриҷ кам карда мешавад, зеро коҳиши якбора сабаби кунд шудани рушди иқтисоди осебпазири Амрико хоҳад шуд. Даври дуввуми коҳиши хароҷоти буҷа то соли 2021 давом мекунад ва дар ин замон ҳукумати Амрико бояд хароҷоти буҷаи давлатро то 1 триллиону 500 миллиард доллар кам кунад.

Дар сурати тасвиб нашудани созиш дар мавриди боло бурдани ҳадди қарзи ҳукумати Амрико, ҳукумати Барак Обама пули кофӣ барои пардохти ҳисобҳои ҷории худ, аз ҷумла ҳаққи бознишастагӣ ва имтиёзҳои собиқадорон ва дигар ҳисобҳо нахоҳад ёфт, ки ин метавонад, иқтисоди Амрикоро гирифтори рукуд ва бозорҳои ҷаҳониро, ки аксаран бо доллар муомила мекунанд, гирифтори бесарусомониҳои зиёд кунад.
XS
SM
MD
LG