Пайвандҳои дастрасӣ

Хитоби Э.Раҳмон ба тоҷирон: "Маҳсулотро арзон кунед"


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз тоҷирон хост, ки дар моҳи шарифи Рамазон дари хайру эҳсонро боз кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, шоми якшанбе мардуми кишварро ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик кард ва соҳибкорону тоҷиронро ба додани хайру закот ба нодорону камбизоатон даъват намуд.

Вай аз ҷумла гуфт: "Соҳибкорону тоҷиронро зарур аст, ки дар ин моҳи муборак дари хайру саховатро боз намуда, бо эҳтиром аз имоне, ки доранд, молу маҳсулоти худро ба бародарони мӯъмин арзонтар пешниҳод намоянд ва ҷӯёи савоб бошанд. Зеро дар ҳамаи корҳо ва хусусан дар тиҷорат, адлу инсоф ва сидқу вафо яке аз омилҳои асосии пешравии кор аст."

Ҳамзамон рӯҳониёни кишвар низ бо ёдоварӣ аз фазоили хайру сахо, тоҷирону соҳибкоронро ба инсофу адолат даъват намуда, аз онҳо хостаанд, ки дар ин моҳ қимати маводи ғизоиро боло набаранд.



Моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон сар аз имрӯз душанбеи 1-уми август оғоз ёфт.

Садҳо ҳазор мусулмонони кишвар шаби гузашта дар масоҷид намози таровеҳ адо карданд ва шурӯъ аз имрӯз дар давоми 30 рӯз мусулмонони Тоҷикистон рӯзадор хоҳанд буд.

Додгоҳи салтанатии Саудия низ рӯзи якшанбе эълон кард, ки рӯзи душанбе Рамазон фаро хоҳад расид. Дар Урдуну Миср, Кувайту Имороти Араб, Сурияву Баҳрайн, Қатару Яман ва сарзаминҳои фаластинӣ низ аз рӯзи душанбе ба гирифтани рӯза шурӯъ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки дар солҳои гузашта байни кишварҳои мусӯлмонӣ дар таъйини оғози моҳи Рамазон сӯъитафоҳум зиёд мушоҳида мешуд.

Ин моҳ моҳи нузули Қуръон аст мусулмонон ба ҷуз доштани рӯза, ба ибодат ва қироати Қуръон низ машғул шуда, қалби худро аз кина пок месозанд ва аз корҳои ғайришаръӣ даст мекашанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG