Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукумати Амрико аз вартаи муфлисӣ раҳид


Баҳс сари тарҳи созиш ҳафтаҳо боз идома дошт.

Баҳс сари тарҳи созиш ҳафтаҳо боз идома дошт.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, вакилони мардумӣ рақиб аз Ҳизби Демократ ва Ҷумҳурихоҳ бар сари боло бурдани ҳадди қарзи ҳукумат ва наҷоти кишвар аз варшикастагӣ ба тавофуқ расиданд. Дар як суханронии кӯтоҳ, Барак Обама эътироф кард, ки қонун дар бораи боло бурдани сақфи қарзи 14,3 триллиондолларии Амрико акнун бояд дар палатаҳои поёнӣ ва болоии порлумони Иёлоти Муттаҳида тасвиб шавад: "Ҳанӯз раъйгирии бисёр муҳими аъзои Конгресс дар пеш аст, аммо ман мехоҳам, бигӯям, ки раҳбарони ҳарду ҳизб дар ҳарду палата ба созиш расиданд, ки дефитсити буҷаро коҳиш дода ва монеъи варшикастагӣ мешавад, варшикастагие, ки метавонад, асароти харобиоваре барои иқтисоди мо дошта бошад." Раъйгирӣ дар ин маврид то шоми ҳамин рӯз дар назар дошта нашудааст. Вакилони амрикоӣ то рӯзи 2 август фурсат доранд, қонун дар бораи боло бурдани сақфи қарзи ҳукуматро қабул кунанд, дар акси ҳол ҳукумати Амрико пули кофӣ барои пардохти ҳисобҳояш нахоҳад дошт, ки ин метавонад, сабаби рукуди иқтисодӣ дар Амрико ва бебандуборӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ шавад.
XS
SM
MD
LG