Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созиши таърихӣ дар мавриди қарзи Амрико ҳосил шуд


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, эълом кард, ки бо вакилони мардумӣ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ бар сари боло бурдани ҳадди қарзи ҳукумат ва наҷоти кишвар аз варшикастагӣ ба тавофуқ расиданд. Дар ивази ин созиш, ҷумҳурихоҳон аз Барак Обама хостаанд, хароҷоти буҷаи Амрикоро дар дарозмуддат то 2 триллион доллар коҳиш диҳад. Барак Обама шоми якшанбе гуфт, ин тавофуқ имкон медиҳад, Амрико аз варшикастагӣ наҷот ёбад, ки метавонист, барои иқтисоди ин кишвар ва тамоми ҷаҳон паёмадҳои фалокатборе дошта бошад. Вакилони амрикоӣ то рӯзи 2 август фурсат доранд, қонун дар бораи боло бурдани сақфи қарзи ҳукуматро қабул кунанд, дар акси ҳол ҳукумати Амрико пули кофӣ барои пардохти ҳисобҳояш нахоҳад дошт, ки ин метавонад, сабаби рукуди иқтисодӣ дар Амрико ва бебандуборӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ шавад.
XS
SM
MD
LG