Пайвандҳои дастрасӣ

Саъйи дигаре барои боло бурдани ҳадди қарзи Амрико


Вакилони мардумии рақиб дар конгресси Амрико мегӯянд, ба созиш бар сари боло бурдани ҳадди қарзи хориҷӣ ва наҷоти кишвар аз варшикастагӣ наздик шудаанд. Вакилони амрикоӣ то рӯзи 2 август фурсат доранд, қонун дар бораи боло бурдани сақфи қарзи ҳукуматро қабул кунанд, дар акси ҳол ҳукумати Амрико пули кофӣ барои пардохти ҳисобҳояш нахоҳад дошт, ки ин метавонад, сабаби рукуди иқтисодӣ дар Амрико ва бебандуборӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ шавад. Вакилон аз Ҳизби Демократ ва Ҷумҳурихоҳон рӯзи якшанбе дигарбора дар бораи ҳадди қарзи ҳукумат ва меъёри хароҷоти давлатӣ баҳс карданд. Ҳаррӣ Рейд, раҳбари сенат, ки дар дасти демократҳост, гуфт, "андаке хушбин аст" ва Митч Макконнел, раҳбари ҷумҳурихоҳон дар сенат, гуфт, зоҳиран тавофуқ сари ин масъала ҳосил мешавад.” Бо назардошти нақши бузурги доллар дар тиҷорати ҷаҳонӣ ҳосил нашудани созиш дар мавриди ҳадди қарзи ҳукумати Амрико, бозорҳои ҷаҳонӣ метавонанд, гирифтори бесарусомониҳои бузург шаванд.
XS
SM
MD
LG