Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди ҷомеаи ҷаҳонӣ аз амалкардҳои давлати Сурия


Ба думболи марги тақрибан 140 нафар дар юриши артиши Сурия алайҳи тазоҳургарони зиддидавлатӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ режими Сурияро башиддат маҳкум кард. Ба гуфтаи фаъолони Сурия дар ҷараёни саркӯби тазоҳургарон дар рӯзи якшанбе дар саросари Сурия 136 нафар ва аз ҷумла дар ҳамла бо тонкҳо ба шаҳри Ҳамо даҳҳо нафар кушта шуданд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, “аз зӯроварӣ ва золимии ҳукумати Сурия алайҳи мардуми худаш ваҳшатзада шудааст. Ӯ афзудааст, “гузоришҳо аз шаҳри Ҳамо ваҳшатнок аст ва табиати аслии режими Сурияро нишон медиҳад.” Вазорати умури хориҷаи Туркия аз давлати Сурия хостааст, хушунатро бас кунад ва гуфтааст, “ҳамроҳ бо ҷаҳони ислом аз ин таҳаввулот дар Сурия дар остонаи моҳи шарифи Рамазон маъюсу мутаасиф шудааст.” Кетрин Эштон, масъули умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, хунрезӣ дар Сурияро, ғайриқобили қабул хонда ва гуфтааст, вазифаи нерӯҳои амниятии Сурия ҳифзи шаҳрвандон аст, на қатли яксараи онҳо.”
XS
SM
MD
LG