Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси Эрону Ҳинд бар сари ҳаққи нафт рафъ шудааст


Вазорати нафти Эрон мегӯяд, баҳс бо Ҳинд сари пардохти 5 миллиард доллар ҳаққи нафти Эрон ҳал шудааст. Аҳмад Қолибонӣ, мудири иҷроияи ширкати миллии нафти Эрон, гуфт, “баъди музокироти дуҷониба, ҳарду тараф ба созиш расиданд, ки ҳаққи нафт, ҳарчӣ зудтар пардохта шавад”. Ба гуфтаи ӯ, як қисми ин пул то чанд рӯзи дигар пардохта мешавад ва содироти нафт ба Ҳинд ҳамчунон идома дорад. Ҳинд пас аз Чин дуввумин харидори бузурги нафти Эрон аст. Давлати Эрон моҳи июн ба Ҳинд ҳушдор дод, ки дар сурати напардохтани пули нафт, содироти онро аз моҳи август мутаввақиф хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG