Пайвандҳои дастрасӣ

"Насиҳатҳои" Толибон бо тоҷирони покистонӣ


Ситезаҷӯёни Толибон бо худсарӣ дар фурӯшгоҳҳои шаҳри Вано дар вилояти Вазиристони Ҷанубии Покистон, матоъҳоеро оташ задаанд, ки ба ақидаи онҳо бадани занҳоро ба таври муносиб намепӯшонад. Ба гузориши Радиои Машъал, даҳҳо ситезаҷӯи Толиб матоъҳои нафиси фурӯшгоҳҳоро ҷамъ карда ва дар байни бозори шаҳри Вано оташ задаанд. Онҳо ҳамчунин ба тоҷирон амр додаанд, ки дигар матоъҳои шаффоф нафурӯшанд ва ҳам аз телефонҳои ҳамроҳи дорои наворбардор истифода накунанд, зеро дар онҳо метавонанд, аксу наворҳои порнографӣ бубинанд.
XS
SM
MD
LG