Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар юриши артиши Сурия 100 нафар кушта шудааст


Бино ба гузоришҳо дар натиҷаи юриши нерӯҳои Сурия ба шаҳри Ҳамо дар шоми якшанбе бештар аз 100 нафар кушта шудаанд. Фаъолони мухолифини Сурия, рӯзи якшанберо “яке аз маргбортарин рӯзҳо” аз оғози тазоҳуротҳои зиддиҳукуматӣ дар моҳи март хонданд. Гузориш шудааст, ки даҳҳо нафар аз афроди мусаллаҳи мухолифин алайҳи сарбозони артиши Сурия муқовимат нишон доданд, ки ба хотири фӯру нишондани тазоҳурот вориди шаҳр шуда буданд. Ромӣ Абдулраҳмон, раиси созмони нозири ҳуқуқи инсон дар Сурия, ки дар Бритониё қароргоҳ дорад гуфтааст, якшанбе яке аз маргбортарин рӯзҳо дар кишвар шуд ва ба гуфтаи созмони ӯ дар ҷараёни он рӯз 136 нафар ва аксарияти онҳо дар Ҳамо кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG