Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майкл Муллен мегӯяд, Толибон ба Покистон бармегарданд


Майкл Муллен, фармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, мегӯяд, агарчӣ раҳбарони Толибон қасд доранд, дар моҳи Рамазон ба Покистон баргарданд, аммо гуфтанд мушкил аст, ки онҳо ба чӣ амалҳое даст мезананд: " Дар робита ба Рамазон сахт аст гуфтан, ки чӣ иттифоқ хоҳад афтод. Дар як даҳсолаи гузаштаи собиқаи низомиам, ман дар тахминзанӣ чандон хуб набудам ва аз ин рӯ самимона мегӯям, ки ман намедонам, моҳи оянда чӣ сурат мегирад ва мо бо бояд бубинем, ки чӣ иттифоқ меафтад. Ман намедонам, ки хушунату ҳамлаҳо зиёд ё кам хоҳад шуд." Дарёсолор Майкл Муллен гуфт, зоҳиран Толибон дар баъзе аз манотиқи Афғонистон заъиф шудаанд, вале қодиранд, бо бомбҳои худсохт, зарбаҳои маргборе зананд ва ҳам ҳамлаҳои фавқуллодае анҷом диҳанд.
XS
SM
MD
LG