Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳамла ба Лашкаргоҳ 13 кас кушта шудаанд


Таркиши интиҳории мошини бомбгузоришуда дар назди дарвозаи идораи пулиси Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманд 12 афсари пулис ва як кӯдакро кушта ба ҷо гузошт. Довуд Аҳмадӣ, сухангӯи волии Ҳилманд гуфт, таркишҳо девори биноро шикофта, 12 тани дигарро захмӣ кардаанд. Масъулияти ҳамларо Толибон ба ӯҳда гирифтааст. Ин ҳамла дар ҳолест, ки аз таҳвили масъулияти таъмини амният аз НАТО ба нирӯҳои афғон дар Лашкаргоҳ ҳамагӣ камтар аз 2 ҳафта гузаштааст.
XS
SM
MD
LG