Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати парлумони Сербистон ба сулҳ дар Косов


Парлумони Сербистон баъди 10 соати баҳсҳои доғ, билохира субҳи имрӯз дар мавриди бадтарин буҳрон бо Косово аз замони эълони истиқлоли ин вилояти собиқаш дар соли 2008-ум қарорашро тасвиб кард. Аксари вакилон аз эътилофи ҳоким аз раиси ғарбгарои ин ҷумҳурӣ Борис Тадич ҳимоят карданд, ки истифодаи нирӯ дар Косово дар посух ба хушунатҳои қавмии ахирро радд кард. Қабл аз Тадич, вакилони қавмгарои серб аз минбари парлумон НАТО, ИА ва мақомоти албании Косоворо масъули он хушунатҳо номиданд. Бархе қавмгароёни тундрав ҳатто аз Сербистон даъват кардаанд, то ба хотири дифоъ аз ақалияти серб ба Косово нирӯ фиристад.
XS
SM
MD
LG