Пайвандҳои дастрасӣ

Набарди мухолифин бо артиши Сурия дар Ҳамо


Акс аз тазоҳуроти рӯзи 29 июл дар Ҳамо

Акс аз тазоҳуроти рӯзи 29 июл дар Ҳамо

Бино ба хабарҳо, мухолифини мусаллаҳ имрӯз дар шаҳри ошӯбзадаи Ҳамо бо нирӯҳои артиши Сурия вориди набард шудаанд. Нирӯҳои артиш ҳанӯз то расидани субҳ ба хотири саркӯбии эътирозҳои демократӣ вориди Ҳамо шуданд ва талош доранд, сангарҳоро аз дарвозаҳои шаҳр бардоранд. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия аз қавли мақомоти бемористони Ҳамо гуфт, субҳи имрӯз дар ин шаҳр дастикам 45 нафари мулкӣ кушта шуданд. Хабарҳои баъдӣ ҳокист, ки шумори кушташудаҳо дар Ҳамо метавонад боз ҳам биафзояд. Ҳамо як маркази умдаи эътирозҳои алайҳи режими Башшор Асад буда, тақрибан як моҳ боз дар муҳосира қарор дошт. Вазири хориҷаи Бритониё Вилям Ҳейг аз Асад даъват кард, саркӯбии хунини эътирозҳоро бас кунад. Ҳейг гуфт, дар арафаи моҳи шарифи Рамазон рух додани ин ҳамлаҳо ғамгинаш кардааст.
XS
SM
MD
LG