Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Ҳамои Сурия 45 нафар кушта шудаанд


Эътирози рӯзи 29 июл дар Ҳамо
Эътирози рӯзи 29 июл дар Ҳамо
Тонкҳои артиши Сурия имрӯз ба хотири фурӯ нишондани эътирозҳо вориди шаҳри Ҳамо шудаанд. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия аз қавли мақомоти Ҳамо дар бораи ҳалокати дастикам 45 нафари мулкӣ дар амалиёти имрӯза хабар медиҳад. Ин шаҳр дар пайи эътирозҳои алайҳи режими Башшор Асад тақрибан як моҳ боз дар муҳосираи тонкҳо қарор дошт. Шаби гузашта аз шиллики нирӯҳои Сурия дар шаҳри шарқии Дайр-ал-Зор 6 нафар кушта шуданд. Як гурӯҳи мухолифин мегӯяд, дар Дайр-ал-Зор 57 сарбоз, бо шумули 3 афсар, ба ҷониби эътирозгарон гузаштанд.
XS
SM
MD
LG