Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як қочоқбарро дар Миноб ба дор овехтаанд


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист
Рӯзномаи эронии “Кайҳон” мегӯяд, рӯзи шанбе дар шаҳри Миноб, дар ҷануби Эрон, боз як марди муҷрим ба қочоқи маводи мухаддирро ба дор овехтаанд. Эъдоми ин нафар, ки аз ӯ фақат Ҳ.Д. ном бурдаанд, шумори гузоришшудаи эъдомшудагони имсола дар Эронро ба 173 нафар мерасонад. Матбуоти Эрон мегуфт, ки соли гузашта дар ин кишвар 179 нафарро ба дор овехтаанд, вале ҳомиёни ҳуқуқи башар шумори воқеъии эъдомшудагон дар Ҷумҳурии исломиро хеле бештар рақам мезананд. Теҳрон ҳукми қатлро барои истиқрори ҳукми қонун ва низом муҳим мехонад.
XS
SM
MD
LG