Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи интиҳорӣ дар Лашкаргоҳ 11 кушта дод


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, як маргталаб имрӯз мошини бомбгузоришударо дар назди дарвозаи идораи пулиси Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманд мунфаҷир кард, ки дар натиҷа 10 афсари пулис ва як кӯдак кушта шуданд. Довуд Аҳмадӣ, сухангӯи волии Ҳилманд гуфт, бар асари ин таркиш, ки девори идораи пулисро тахриб кард, 12 тани дигар захмӣ шудаанд. Сухангӯи Толибон Корӣ Юсуф Аҳмадӣ гуфт, масъулияти ин ҳамларо Толибон бар ӯҳда мегирад. Ин ҳамла вақте рух дод, ки аз таҳвили масъулияти таъмини амният аз нирӯҳои НАТО ба нирӯҳои афғон дар Лашкаргоҳ камтар аз 2 ҳафта гузаштааст. Лашкаргоҳ аз байни 7 минтақаи барои даври аввали ин раванд интихобшуда ошӯбзадатарин маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG