Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тонкҳои артиши Сурия вориди Ҳамо шудаанд


Эътирозҳои рӯзи 29 июл дар Ҳамо

Эътирозҳои рӯзи 29 июл дар Ҳамо

Ба гуфтаи сокинон, тонкҳои артиши Сурия субҳи имрӯз вориди шаҳри Ҳамо шудаанд. Ин шаҳр дар пайи эътирозҳои бузурги алайҳи режими раиси ин ҷумҳурӣ Башшор Асад тақрибан як моҳ боз дар муҳосира қарор дошт. Фаъолон мегӯянд, рӯзи шанбе аз шиллики нирӯҳои Сурия дар шаҳри шарқии Дайр-ал-Зор дастикам 5 нафар кушта шуданд. Як гурӯҳи мавсум ба Иттиҳоди ҳамоҳангсози инқилоби Сурия мегӯяд, дар Дайр-ал-Зор 57 сарбоз, бо шумули 3 афсар, ба ҷониби эътирозгарон гузаштанд. Ба ҳисоби Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, тайи қариб 6 моҳи эътирозҳо дар Сурия 1888 нафар кушта шудаанд, ки 1519 нафар афроди мулкӣ ва 369-аш аз нирӯҳои амниятианд.
XS
SM
MD
LG