Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати рамазонии Тӯраҷонзода аз Эмомалӣ Раҳмон


Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода

Агар раисиҷумҳур қонуни масъулияти волидайнро имзо кунад, намози таровеҳ бе ширкати то 18-солаҳо доир хоҳад шуд.

Моҳи шарифи Рамазон рӯзи якуми август шурӯъ шуда, дар давоми 30 рӯз мусулмонони Тоҷикистон рӯзадор хоҳанд буд.

Нахӯрдан, наошомидан ва ҷимоъ накардан аз субҳи содиқ то намози шом шарти аслии рӯза доштан дар моҳи Рамазон аст. Ин моҳ моҳи
Агар ин қонун
дар остонаи моҳи Рамазон ва ё дар
давоми он аз сӯи президент имзо шавад, ҷавонони то 18-сола нахоҳанд тавонист, бо ҷамоа намоз бигузоранд...
нузули Қуръон ва қироъати он, моҳи намози таровеҳ ва фурсате барои поксозии қалби шахс аз ҳама ношоистагиҳост.

Аммо бо ин вуҷуд дар ҷадвали кории расмӣ дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна тағйире пеш нахоҳад омад ва идораҳои двлатӣ ва ғайридавлатӣ ба тартиби маъмулӣ ба кори худ идома хоҳанд дод.

Бо вуҷуде, ки гармои тоқатфарсои болотар аз 40 дараҷа шояд гирифтани рӯза ва ҳамзамон иҷрои масъулияти рӯзмарраро мушкил кунад. Дар бархе аз кишварҳои мусулмонӣ дар ин моҳ тартиби ҷадвали корӣ тағйир мекунад, аммо на дар Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Ҳамасола дар ин рӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мардуми кишварро табрик мекунад ва ба соҳибкорону тоҷирон муроҷиат намуда, онҳоро ба додани хайру закот ба нодорону камбағалон даъват мекунад.

Ӯ солҳост аз он ибрози таассуф мекунад, ки дар кишварҳои исломӣ чун анъана дар моҳи шарифи Рамазон дар бозорҳо ва мағозаҳо нархи маҳсулот поён мефарояд, вале дар Тоҷикистон акси ин ҳолат мушоҳида мешавад. Бо ин вуҷуд, ҳаргиз ин даъватҳо натиҷа надодааст ва ҳамчунон тамоюли баръакс мушоҳида мешавад.

Омадани моҳи Рамзон ба сурати табиӣ бо шикояти сокинони Душанбе аз болоравии қимати маводи ғизоӣ дар бозорҳо ҳамроҳ аст.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:54 0:00
Линки мустақим



Ҳамзамон тайи рӯзҳои ахир дар мағозаву бозорҳои Душанбе болоравии нархи бархе аз маҳсулоти хӯрокворӣ мушоҳида мешавад. Дар тӯли чандин соли охир, на иқдомоти сахтгиронаи мақомот, на даъватҳои мукаррари тавре гуфта шуд сардори давлат ва на таблиғи рӯҳониён аз тоҷирон барои боло набурдани қимати маводи ғизоӣ дар моҳи Рамазон натиҷа надодааст ва имсол низ як мушкили аслӣ болоравии нархи маводи ғизоӣ дар остонаи моҳи Рамазон аст.

Аммо имсол муҳимтар аз ин ҳам масъалаи мушкилсоз Қонуни дар порлумон ба тасвибрасидаи масъулияти волидайн аст, ки гузоштани намоз ба ҷавонони то 18-соларо мамнӯъ мекунад. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё намози таровеҳи имсол бидуни ширкати даҳҳо ҳазор ҷавони то 18-сола хоҳад гузашт?

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, қозии собиқи мусулмонон ва раҳбари пешини қудратманди мухолифони давлат мегӯянд, аз раисиҷумҳур
Бархе аз
созмонҳои
байналмилалӣ ва киш
варҳои ғарбӣ аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ки банди маҳдудиятҳои мазҳабӣ аз ин қонунро лағв кунад...
даъват мекунад, ки Қонуни масъулияти волидайнро, ки иҷрои фарзи илоҳиро маҳдуд мекунад, дар моҳи Рамазон имзо нагузорад.

Ӯ мегӯяд: "Агарчанде ҷаноби президент ин қонунро пешниҳод кардааст, аммо имрӯз ба аксарият маълум шуд, ки татбиқи ин қонун метавонад боис ба норозигӣ дар ҷомеа бишавад. Намоз фарз аст ва ба масҷид рафтани аз дувоздаҳсола боло барои касоне, ки мусулмон ҳастанду эътиқод доранд воҷиб мебошад. Бинобар ин, ҷавонони 13, 14, 15, 16, 17 ва 18-сола аз дидгоҳи шариат шахсони оқилу мукаллафу болиғ ҳастанд. Намози ҷамоъат рафтани онҳо воҷиб аст. Манъ кардани онҳо аз намози ҷамоъат гуноҳи кабира аст ва ҳар касе инҳоро манъ мекунад, ба ҳамон таҳдиди илоҳӣ, ки дар сураи Бақара Худо мегӯяд, кист золимтар аз касе, ки манъ мекунад мардумро аз ибодат дар масҷидҳои Худо, дохил мешавад. Акнун ин танҳо аз ҷаноби президент вобаста аст ва ман фикр мекунам, ки бояд ҷаноби президент ин масъулиятро ҳис кунанд ва ин қонунро имзо накунанд ва ин бисёр кори хуб мешавад. Вале агар рафту имзо ҳам карданд, вақте қонуни ҷомеа ба қонуни худо мухолифат мекунад, мусулмон вазифадор аст, ки ба қонуни Худо итоат кунад. Мисле, ки мегӯянд, агар қонуни миллӣ ба қонуни байналмилалӣ мухолифат кунад, меъёрҳои байналмилалӣ амал мекунад, ин ҷо ҳам қонуни Худо авлавият дорад."

Дар ҳар сурат агар ин қонун дар остонаи моҳи Рамазон ва ё дар давоми он аз сӯи президент имзо шавад, ҷавонони то 18-сола нахоҳанд тавонист, бо ҷамоа намоз бигузоранд. Дар ҳоле, ки Рамазон моҳи намози ҷамоаи таровеҳ аст.

Қонуни масъулияти падару модар аз як сол ба ин ҷониб мавриди баҳс буд ва ахиран аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул шуда ва Маҷлиси Миллӣ ҳам ба он раъйи мувофиқ дод ва барои имзо ба раисиҷумҳур пешниҳод шудааст.

Бисёре аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ки банди маҳдудиятҳои мазҳабӣ аз ин қонунро лағв кунад. Дар ҳар сурат, Тоҷикистон як ҷомеаи суннатист ва ин суннатҳо басо қонунҳо, ҳатто қонунҳои Шӯравии абарқудратро шикастаанд.
XS
SM
MD
LG