Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода аз Эмомалӣ Раҳмон


Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, қозии собиқи мусалмонони Тоҷикистон ва аз раҳбарони пешини мухолифин, дар арафаи моҳи Рамазон аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, то қонуни масъулияти волидайнро, ки ҳузури афроди то 18-сола дар масоҷидро манъ мекунад, то поёни Рамазон имзо накунад. Оқои Тӯраҷонзода ба Радиои Озодӣ гуфт, ин қонун монеъи ширкати ҷавонон дар намозҳои таровеҳ хоҳад шуд. Қонуни масъулияти волидайн алакай аз ҷониби ҳарду маҷлиси парлумони Тоҷикистон тасвиб шуда, ба муҷарради имзои оқои Раҳмон ба ҳукми иҷро хоҳад даромад. Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 1 август шурӯъ мешавад ва эҳтимоли аз ҳаққи ширкат дар намозҳои таровеҳ маҳрум шудани намозгузорони то 18-сола мояи нигарониҳо дар ҷомиаи ин кишвар шудааст.
XS
SM
MD
LG