Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асрор Воҳидов қаҳрамони бокси ҷаҳон шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Муштзани навраси тоҷик Асрор Воҳидов унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни то 48 кило байни наврасонро ба даст овард. Бобоҷон Муҳаммадрасулов, раиси Федеросиюни бокси Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин варзишкори тоҷик дар даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасон дар Остонаи Қазоқистон бар Владислав Красношеин аз Русия пирӯз шуд. Тоҷикистон ба ин мусобиқот 6 муштзани наврасро фиристода буд, вале аз байни онҳо фақат Асрор Воҳидов тавонист бо нишони ин мусобиқот баргардад ва он ҳам бо нишони тило ва унвони қаҳрамони бокси ҷаҳон.
XS
SM
MD
LG