Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази мубориза бо СПИД дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, дар пайи ташхиси беш аз 1000 маҳбус дар маҳбасҳои вилояти Суғд дар бадани 55 маҳбус ангезандаи бемории қаттоли норасоии масунияти баданро ошкор кардааст. Ин марказ акнун маҳбусони маризро аз ҳисоби кумакҳои байналмилалӣ бо давову сӯзандоруҳои ройгон таъмин мекунад. Саидолим Саидолимов, раиси идораи зиндонҳои вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар маҳбус ба муҷарради вурудаш ба зиндон ҳатман аз ташхиси СПИД мегузарад.Бино ба охирин омор, шумори гирифторон ба вируси СПИД дар Тоҷикистон имсол ба тақрибан 500 нафари дигар афзуда, ба 3400 нафар расидааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG