Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хуш омадед, ба Сӯхи азизи ман!"


Хеле кам иттифоқ меафтад, ки мо аз тоҷикони Узбакистон номае бигирем. Сокинони Самарқанду Бухоро ва Сурхондарё гаҳ-гоҳе дар баҳсу форумҳои мо ширкат мекунанд, аммо ин бор номае аз ҷазирақаламрави Сӯх гирифтем, ки дар он ҳамаи мову шумо самимона ба меҳмонӣ даъват шудаем.

Сӯх як маскани хушҳавою зебоманзар силсиладеҳотест дар силсилакӯҳҳо. Дар он корхонаву ташкилот, муассисаҳои томактабию таълимӣ, шифохонаю кохи маданият, хоҷагиҳои деҳқонию фермерҳои соҳибкор ва ғайраю ва ғайра фаъол аст. Кору бор, шароити зиндагии мардуми Сӯх чӣ тур аст, мегӯед? Касе, ки меҳнат карданро мехоҳад, имконият мекобаду фаровон зиндагӣ мекунад, ашхоси дигаре, ки кор карданро намехоҳад,бо баҳонаҷӯӣ чашм ба кӯмаки атрофиён дӯхтаанд...

Дар Сӯх теъдоди соҳибкорон, тоҷирон, сарватмандон ва мардони саховатпеша сол аз сол меафзояд.70 дарсади аҳолӣ соҳиби мошинҳои сабукрав, ҳатто баъзе хонадонҳо то чаҳор, панҷ мошин доранд. Иморатҳое қомат афрохтаанд, ки назирашон дар водии Фарғона нест. Ҳар сол 12-15 нафар аз сӯхиён сафари Маккаю Мадина мекунанд. Мардум қуръонхону маърифатпарвар гаштаанд.

Сӯх олимону табибон, равшанфикрону санъаткорони номдори худро дорад. Равнақу ривоҷи забони модариро намегӯед. Рӯзномаву барномаҳои симои маҳаллӣ бо забони тоҷикӣ танҳо дар Сӯхи кӯчаки мо боқӣ мондааст. Қаламкашони Сӯх дар муддати кӯтоҳ даҳҳо маҷмӯаи назму насри худро чоп кунондаанд. Ин ҳамааш, албатта, бо шарофати мустақилӣ. Алқисса, истиқлол ба мардуми шарафманди Сӯх дари истифодаи имкониятҳоро боз кард...

Аз комёбиҳои Сӯху сӯхиён ҳар чӣ гӯем, кам аст. Вале дар қатори ин пешрафтҳо носозиҳои қатори зиндагӣ ба чашм мерасанд. Як зумра мардуми кордону корчаллонҳо мавқеи худро ёфта бошанд, ашхосе аз носозиҳои зиндагӣ машаққат мебинанд.

Дар Сӯх, алалхусус дар Чашма зимистон дур рафта, баҳораш хеле бевақт меояд. Охирҳои соли 1980-ум бо саъю кӯшишу харҷи зиёди худи мардуми аҳли Чашма қубури газро ба масофаи чаҳор километр кашиданд. Аз ҳамин сабаб аз омадани газ хурсандии аҳли деҳа ҳадду канор надошт. Барои сарфу хароҷот мардум ҳеч чизашро дареғ намедошт. Кӣ гову гусолаашро, кӣ бузу гӯсфандаш, сеюмин ҳатто мототсиклашро фӯрухта, газ даровард.

Сайфиддин-бобо Аминови 80-сола дар қатори чанд нафар ҳамдеҳагонаш ба ин мавзеи навбунёд ҳамон солҳо кӯчида омада буд.Вай бо ҳамсараш Мукаррамхон хеле вақт маслиҳату машварат карда, ягона сарвати хонаводааш гову гӯсолаашро фурӯхта ба хонааш газ даровард.

-- Рости гап,ҳамон солҳо хеле мазза карда, бо фароғат зиндагӣ кардем,-мегӯяд Сайфиддин бобо. Ба шиками гурусна тоқат кардан мумкин, аммо ба хунукӣ не. Аз ҳамин сабаб ба ҳеч чиз нигоҳ накарда, гову гӯсоларо фурӯхта, ба хона газ даровардем. Охир, азоби 5 нафар кӯдакони норасида азоби ман буд. Сол то сол фишори газ кам шуда, охиру охирон ба Чашмаи мо газ наомада монд,- боз бо афсӯсу надомат ҳарф мезанад, Сайфиддин-бобо. -- Ман як чизро намефаҳмам то ҳанӯз. Аз Ҳаӣдаркони Қирғизистон хешу таборҳо меоянд ба меҳмонӣ. Ва мегӯянд, ки дар қубурҳо газ баҳору зимистон бо фишори баланд мавҷуд, фақат масъалаи ҳалталаб -- нархаш баландтар. Аз ин боис на ҳамаи аҳоли онро истифода бурда метавонад. Рости гап ман аз ҳезумхарию ангишткобӣ хеле монда шудаам, бигузор нархашро бардоранду газро диҳанд. Ҳалли ин муаммо ба дасти кӣ бошад?

Вале мушкили асосии сӯхиён дигар аст. Барои он ки ба маркази вилоят раведу кору бори зиндагиро ба сомон расонед, азоби гӯрро мекашед. Лозим меояд зиёда аз 6 пости гумрукию полисӣ ва марзбониро гузаред ва гузаштан аз ҳар яки он муаммоҳои худро дорад. Агар дар мошин ягон маводи зиндагӣ дошта бошед, илоҷ нест, ки ба пости ҳамсояҳо пул надода гузаред. Кашмакашию қонунфаҳмониҳо бефоида...

Сӯхро ҳамчун як шаҳраки мардумаш меҳмоннавоз эътироф мекунанд.Чунки қалби зодагонаш чун ҳавои табиаташ мусаффо, беғубор. Меҳмоннавозиро чунон ба маромаш мерасонанд, ки тааасуроташро меҳмон тамоми умр фаромӯш намекунад. Вақтҳои охир паи меҳмонҳо ҳам канда шуд. Сӯх ба як минтақаи таҳрим ё қадаған табдил гашт. Ҳозир худи меҳмон он тараф истад, сӯхиёне, ки берун аз зодгоҳашон ба сар мебаранд барои аёдати волидонашону хешу ақрабо, барои ширкат кардан дар тую маросимҳои наздиконашон омада наметавонанд. Омадан мумкин фақат бо мушкилоти зиёде. Ва қоғазбозиҳое монанди барқияи даъват, маълумотнома аз ҷамоаи шаҳрвандон, гувоҳномаи сафари хизматӣ ва ҳоказову ҳоказо...

Вале бо вуҷуди ҳамаи ин ман Шуморо, ҳамхунону ҳамзабонони азиз, ба Сӯх, ба меҳмонӣ даъват мекунам. Ба хонаи мо биёед, бо мо биншинед, бо мо дӯст, хеш ва ақрабо бошед. Сӯх пешкаши Шумо! Ман махсус номи муайянеро зери ин мактуб наменависам, зеро мо ҳама як мардумем ва вақте ки ба Сӯх омадед, ман Шуморо пайдо хоҳам кард. Ман хоҳам донист, ки Шумо меҳмони ман ва меҳмони тамоми мардуми Сӯх ҳастед.

Хонандаи торнамои Радиои Озодӣ аз Сӯх.
XS
SM
MD
LG