Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи чирикиҳои Либияро кӣ кушт?


Абдулфаттоҳ Юнус
Абдулфаттоҳ Юнус
Як вазири чирикиҳои Либия гуфт, фармондеҳи чирикиҳо Абдулфаттоҳ Юнусро шибҳанизомиёни исломӣ куштаанд. Узви Шӯрои миллии гузор Алӣ Тарҳунӣ аммо аз шаҳри далоили ин сӯъиқасд худдорӣ карда гуфт, қазия дар дасти таҳқиқ аст. Қотилони Юнус таҳти таъқиб гузошта шудаанд. Сухангӯи давлати Либия Мӯсо Иброҳим гуфт, фармондеҳи чирикиҳоро Ал-Қоида куштааст ва ин қатли рӯзи панҷшанбе ҳокии заъифии раҳбарияти чирикиҳост.
Дар ҳамин ҳол, НАТО мегӯяд, ҳавопаймоҳояш 3 мавҷрасони телевизиони давлатии Либияро тахриб кардаанд. Сухангӯи НАТО Роланд Лавойе гуфт, ҳадаф аз ин бомббор қатъи пахши барномаҳое буд, ки барои таҳрики хушунат ва тарсондани мардум истифода мешаванд.
Аммо бо гузашти чанд соат аз ҳамлаи НАТО, телевизиони Либия ҳанӯз фаъол буд.
XS
SM
MD
LG