Пайвандҳои дастрасӣ

Сенати Амрико тарҳи ҷумҳурихоҳонро напазируфт


Сенати Амрико, ки таҳти назорати демократҳост, тарҳи аз сӯи Маҷлиси намояндагони аксараш ҷумҳурихоҳ тасвибшуда дар масъалаи ҳалли буҳрони лимити қарзҳоро радд кард. Раҳбари демократҳои Сенат Ҳаррӣ Рейд бояд акнун тарҳи наверо омода кунад, ки мақбули вакилони ҳарду ҳизб дар Конгресс шавад.
Тарҳи Маҷлиси намояндагон то 900 миллиард доллар ва он ҳам барои кӯтоҳмуддат боло бурдани лимити қарзро дар назар дошт. Демократҳои Сенат аммо мехоҳанд, ки лимит барои дарозмуддат ва 2,5 триллион доллар боло бурда шуда, масрафоти будҷа 2,2 триллион доллар кам шавад. Амрико дар ғайри сурати то 2 август боло бурдани лимити қарзаш метавонад дучори дефолт шавад.
XS
SM
MD
LG