Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шумори қурбониёни ду фалокати алоҳидаи дирӯза дар конҳои ангишти шарқи Украина ба 25 нафар расид. 12 ангишткани дигар ҳамчунон бенишон боқӣ мемонанд. Вазорати ҳолоти изтирорӣ мегӯяд, 18 ангишткан бар асари таркиш дар вилояти Луганск ва 7 тани дигар дар кони ангишти Донетск ҷон бохтаанд. Конҳои ангишти Украина аз хатарноктарин конҳои ангишти ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович, ки рӯзи ҷумъа ба Луганск сафар кард, таҳқиқи давлатии ин қазияҳоро ваъда супурдааст.
XS
SM
MD
LG