Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи амниятӣ дар Ироқ бадтар шудааст


Стюарт Бовен

Стюарт Бовен

Стюарт Бовен, нозири вижаи Амрико дар умури бозсозии Ироқ дар гузоришаш мегӯяд, амнияти ин кишвар назар ба як соли қабл камтар шуда ва вазъи амниятӣ ҳамчунон рӯ ба вахомат боқӣ мемонад. Бино ба ин гузориш, моҳи июн аз апрели соли 2009 ба ин сӯ хунинтарин моҳ барои нирӯҳои Амрико буд, ки 15 сарбози амрикоиро кушта ба ҷо гузошт. Ин гузориш дар ҳоле нашр мешавад, ки тақрибан 47 000 нирӯи амрикоие, ки феълан дар Ироқ мустақар мебошанд, бояд то поёни сол берун кашида шаванд. Вошингтон ва Бағдод феълан роҳҳои тамдиди замони ҳузури бахше аз ин нирӯҳоро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG